734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Эълонҳо


Ба саволҳоятон посух мегардонем

Ба таваҷҷуҳи кормандони ВАО ва шаҳрвандони кишвар расонида мешавад, ки 30 июли соли 2019 дар толори АМИТ “Ховар” вобаста ба фаъолияти нимсолаи якуми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2019 нишати матбуотии Кумита бо иштироки роҳбарияти Кумита доир карда мешавад. Кормандони ВАО ва шаҳрвандони кишвар метавонанд, ки саволҳои худро пешакӣ ба унвонии роҳбарияти Кумита ирсол кунанд ва вобаста ба саволҳои худ маълумотҳои мушаххас пайдо намоянд. Шумо метавонед саволҳои худро дар вайбер, вотсап, имо, вконтакт, фейсбук, инстаграм ва телеграм ба рақамҳои +992 918 33 36 90 ирсол намоед ва ё ба суроғаи kjvs.1997@mail.ru . Ба ҳар саволи хеш ҷавоб хоҳед гирифт.

22.07.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот

Аз 20 то 26 июли соли 2019 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот баргузор мегардад. Мусобиқаи мазкур миёни занон ва мардон доир гардида, ғолибони мусобиқа бо мадал ва диплом сарфароз гардонида мешаванд. Тибқи низомномаи мусобиқа даври аввал ва дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва минтақавӣ ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намудаанд. Ба даври ҷумҳуриявии мусобиқа варзишгарон аз 5 минтақаи кишвар роҳхат пайдо намуда, шоми ин бегоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон комиссияи мандатии мусобиқа бо иштироки варзишгарони кишвар доир мегардад. Ғолибони мутлақи мусобиқа имконият пайдо менамоянд, ки минбаъд дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ  ширкат варзанд.

19.07.2019 Нет комментариев Читать далее>

БИЁЕД, ДАСТГИРӢ МЕКУНЕМ! Баҳодур Усмонов дар даври ниманиҳоӣ рақобат мекунад

Шоми ин бегоҳ қаҳрамони Осиё оид ба бокс Баҳодур Усмонов бо варзишгари қазоқистонӣ  Сафиулен Зокир дар даври ниманиҳоӣ барои дарёфти “Ҷоми Президенти Қазоқистон” вориди рақобат мегардад. Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Президенти Қазоқистон” оид ба бокс аз 14 то 21 июли соли 2019 дар шаҳри Нур- Султон бо иштироки беш аз 150 нафар беҳтарин варзишгари 13 давлати дунё баргузор гардида истодааст. Баҳодур Усмонов варзишгари маъруфи тоҷик дар ин мусобиқа дар марҳилаи аввал бинобар сабаби даст кашидани варзишгари гурҷистонӣ ба марҳилаи дигар роҳхат пайдо намуд.  Дар даври дигар Баҳодур бо ҳисоби 5/0 бо варзишгари қазоқ Неҷидов Дилмурод ғалаба ба даст оварда, ба даври ниманиҳоӣ роҳхат пайдо намуд. Ба ин варзишгари кишвар  муваффақияту музаффариятро […]

19.07.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ доир меардад

Аз 20 то 22 сентябри соли 2019 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ байни ҷавонони аз 17 то 20 сола барои дарёфти ҷоизаи мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебунисо Рустамова баргузор мегардад.   Даври аввали мусобиқаи ҷумҳқуриявӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва марҳилаи дуюми он дар сатҳи минтақавӣ ва вилоятӣ баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо менамоянд.   Баргузории марҳилаи аввали мусобиқа санаи 21 июли соли 2019 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар дар назар дошта шуда, марҳилаи дуюм бошад пас аз анҷоми марҳилаи аввал дар сатҳи минтақа ва вилоят бо иштироки беҳтарин варзишгарони маҳаллӣ доир карда мешавад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки дастаҳо аз тамоми минтақаи […]

18.07.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи интихобии  шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ оид ба тенниси рӯи миз

Аз 20 то 21 июли соли 2019 мусобиқаи интихобии  шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ оид ба тенниси рӯи миз байни ҷавонони  сину соли 1998 ва аз ин хӯрд баргузор мегардад. Дастаҳои варзишгарони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор,Лахш, Роғун ва Файзобод марҳилаи интихобии худро дар ноҳияи Рашт баргузор намуда, дастаи шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Варзоб  марҳилаи интихобии худро дар шаҳри Ҳисор доир менамоянд. Марҳилаи аввали мусобиқаи мазкур дар сатҳи маллаҳҳӣ ва ноҳиявӣ доир гардида, ғолибони даври дуюм ба марҳилаи минтақавӣ роҳхат пайдо намуданд. Интизор меравад, ки дар мусобиқаи минтақавӣ варзишгарон аз 13 шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуда, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо менамоянд.

18.07.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 15