734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Эълонҳо


Душанбе: 193 чорабинии варзиши ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз тибқи Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шаҳри Душанбе 193 чорабинии варзишӣ доир карда мешаванд. Чорабиниҳои мазкур дар толорҳои варзишӣ, майдончаҳои хӯрди футбол ва маҷмааҳои варзишӣ аз санаи 20 то 30 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ карда мешаванд. Мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои варзиши футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот, шашка, теннис, тенниси рӯи миз, гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, туби дастӣ, бандкашӣ, сангбардорӣ, велосипедронӣ баргузор карда мешаванд.

19.03.2019 Нет комментариев Читать далее>

Марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалиии Наврӯз дар кишвар санаи 16 марти соли 2019 марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ бо доираи васеи варзишгарони касбӣ, дӯстдорони варзиш ва сокинони маҳаллӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар роҳандозӣ карда мешавад. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама сазовор таҷлил намудани иди аҷодии миллати тоҷик – Наврӯзи байналмилалӣ ва пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна омилҳои номатлуби иртиҷоӣ ва рушди навъи варзиши велосипедронӣ мебошад.

14.03.2019 Нет комментариев Читать далее>

Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод баргузор мегардад

Дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонию иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз 21 то 22 марти  соли 2019 дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз  Чеимпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод баргузор мегардад. Марҳилаи сеюми мусобиқаи мазкур дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, дастаҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок хоҳанд намуд.  Пас аз анҷоми мусобиқа узви яккачини дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, ғолибони вазнҳо имкони иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалиро пайдо менамоянд.

14.03.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷоми “Журналистони ҷавон – 2019” баргузор мегардад

Кумита кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил карда мешавад, тасмим гирифтааст, ки мусобиқаи футболи хурд миёни кормандони Васоити ахбори омма барои дарёфти Ҷоми “Журналистони ҷавон – 2019” – ро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор намояд. Аз ин лиҳоз, муассисаву рӯзномаҳо ва ташкилотҳои иттилоотиву хабарнигорӣ метавонанд дар мусобиқа иштирок намоянд. Муҳлати қабули дархостҳо то санаи 18 феврали соли 2019, соати 17:00 мебошад!

15.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пагоҳ нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор мегардад

Бори дигар ба таваҷҷуҳи рӯзноманигорон, журналистон ва кормандони ВАО расонида мешавад, ки пагоҳ (12 феврали соли 2019) соати 9:00 дар маркази матбуотии Агентии миллии иттилоотии “Ховар” нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти Кумита дар соли 2018 баргузор мегардад.  

11.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 14 15 16 17 18 23