734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Эълонҳо


Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Ба таваҷҷуҳи хабарнигорон, рӯзноманигорон ва ВАО расонида мешавад, ки санаи 12 феврали соли 2019, соати 9:00 дар маркази матбуотии Агентии миллии иттилоотии “Ховар” нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар нишасти матбуотӣ фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар нимсолаи дуюми соли 2018 натиҷагирӣ гардида, раиси Кумита ба саволҳои хабарнигорон посух мегардонад. Бо камоли эҳтиром, тамоми кормандони соҳаи ВАО –ро даъват менамоем.

29.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ДАР СОЛИ 2019 ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2019 озмун эълон менамояд: Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №563 «Оид ба тасдиқ намудани Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд», таъсис дода шудааст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои зерин бо ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд: – натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва […]

25.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи ҷумҳуриявии лижаронии кӯҳӣ байни наврасон оғоз мегардад

   Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи амалисозии нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаи байналмиллалӣ барои соли 2019, баргузории  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни наврасон (духтарон ва писарон) дар базаи ҶДММ “Сафед-дара”-и ноҳияи Варзоб аз санаи 19 то 20 январи соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.    Қобили зикр аст, ки мусобиқаи мазкур аз ҷониби Кумита дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад ва дар ин мусобиқа иштироки варзишгарони навраси ҷумҳурӣ , ки аз рӯи ин риштаи варзиш машқу тамрин менамоянд ва дигар дӯстдорони ин риштаи варзиш […]

18.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

Омӯзиши масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки вобаста ба вазъи пошхӯрии оилаҳои ҷавон дар ҷомеа, роҳҳои ҳалли ин масъалаи мубрам ва таҳлили вазъи имрӯза дар сатҳи ҷумҳурӣ мизи мудавварро дар мавзӯи “Омӯзиши  масъалаи ҷудошавӣ (вайроншавӣ)-и оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баргузор намояд.    Дар ҷорабини мазкур намояндагон аз  вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Шӯрои уламо, мудирони шуъбаҳои кор бо занон ва оила ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муовинони ректорҳо, мудирони шуъбаҳои ҷавонон ва занони донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе дар рафти чорабинии мазкур иштирок ва ибрози ақида менамоянд.    Қайд кардан […]

17.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

Паём – дастурамали мо ҷавонон.

  Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2019 мулоқоту вохӯриҳо  бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон ва наврасон аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, терроризму экстремизм, зӯроварӣ, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, танфурӯшӣ, хариду фурӯши инсон, маданияти шаҳрдорӣ ва истифодаи самаранокии шабакаҳои иҷтимоӣ миёни  хонандагони синфҳои болоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷумла: Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Фирдавсӣ рўзи 28 январ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Фирдавсӣ рўзи 29 январ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Фирдавсӣ рўзи 30 январ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи […]

14.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 11 12 13 14 15 18