73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Эълонҳо


Силсила чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4517546

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсила чорабиниҳои оммавӣ – варзиширо ба нақша гирифтааст. Чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ аз рӯи намуди машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ дар шаҳри Душанбе, таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам” санаи 24 ноябр доир мегардад. Мақсад аз баргузории чорабиниҳои мазкур таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ арзёбӣ гардида, сокинон метавонад дар машқҳои паҳогирӯзӣ, ки аз соати 6:30 то 7:30 дар саҳни шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор мегардад ширкат намоянд. Марафони велосипедронӣ ва […]

21.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонон – пайрави  Пешвои миллат

youth

Тарбияи ватандӯстӣ яке аз бахшҳои умдатарини  сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб ёфта, бедории миллӣ ва густариш бахшидани  рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон дар шароити кунунии  истиқлолияти милливу давлатӣ  аз аҳамият холӣ нест. Дар ин раванд саҳми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон беназир аст. Дар баробари ин, яке аз иқдомҳои муосири  фаъолгардонии ҷавонон ин ташкил ва  баргузории дарсҳои сиёсӣ бо иштироки шахсони соҳибнуфӯз мебошад. Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки  бо мақсади тақвият бахшидани фаъолият дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон Маҳфили омӯзишии “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” – ро  таъсис диҳад, ки ин иқдом  барои маърифатноксозии ҷавонон дар самти ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҳуқуқдонӣ ва  рушди ҳаракати волонтёрӣ мусоидат менамояд. Зимнан ёдовар мешавем, […]

21.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

 Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам!

 Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 24 – уми ноябри соли 2017  дар боғи фарҳангӣ – фароғатии “Ирам” роҳпаймоии осоишта, ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” ва чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам” бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар дар амфитеатри боғи мазкур баргузор мегарданд.  Марҳабо ба чорабиниҳои идона!

20.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Эълони озмуни умумиҷумҳуриявии «Донишҷўи сол-2017»

ЛОГОИ Кумитаи чавонон 2017

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни кишвар дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва дарёфти донишҷӯи беҳтарин, лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор озмуни умумиҷумҳуриявиро миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат таҳти унвони «Донишҷӯи сол-2017» – ро   эълон менамояд. Пешниҳоди номзадии донишҷӯён барои иштирок дар озмун аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат то санаи 20 декабри соли ҷорӣ қабул карда мешаванд.   Суроға: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Варзишгарон 6. Телефон: (837) 235 19 […]

20.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Гӯштини миллӣ дар ноҳияи Восеъ

Мусобикаи гуштини милли байни наврасони то 15 сола

Ба таваҷҷӯҳи мухлисони гӯштини миллӣ расонида мешавад, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи  11 -12 –уми ноябри соли 2017 дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯштини миллӣ байни нарасони соли таваллудашон 2002 – 2004 баргузор карда мешавад. Барои гирифтани маълумоти бештар бо масъули чорабини Суњроби Акубаршо телефони метавонед тамос гиред. Телефон:917231177

10.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 21