73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Идеали ҷавонон

Дастгирии ҷавонон дар ҳама давру замон яке аз роҳҳои таҳким бахшидани ояндаи соҳаҳои гуногуни кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин замина ватани азизамон боз ҳам рушду инкишоф хоҳад ёфт.

Бо дарки ин нуктаҳо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва рушду ташаккул ёфтани нерӯи зеҳниву ҷисмонии онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сол то сол ғамхорӣ нисбати ин қишри ояндадори ҷомеа меафзояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз 70 фиссади аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, то ҷавонон дар ҳамаи самтҳо ба фаъолият фаро гирифта шуда, ҷиҳати имломӯзию соҳибмаърифату соҳибкасб шудани онҳо шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шаванд ва хушбахтона то имрӯз ҳамаи имкониятҳои зарурӣ фароҳам гардидааст.

Пешвои миллат дар ҳар вохӯрии худ бо роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ таъкид месозанд, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳмгузор бошанд. Зеро насли ҷавон умеду орзуи ягонаи миллат ба ҳисоб рафта, фардои дурахшони меҳан низ аз ин табақаи ҷомеа вобастагии калон дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар зери роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯзҳо барои рушди нерӯи зеҳниву ҷисмонии ҷавонон корҳои зиёде ба анҷом расониданд. Махсусан, дар соли 2017- “Соли ҷавонон” бо сарпарастии кулли раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ зиёда аз 17 000 чорабинӣ барои ҷавонон доир карда шуд. Сарпарастӣ намудан ба ин сол, яъне, фароҳам овардани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ барои баргузории чорабиниҳои “Соли ҷавонон” яке аз ташаббусҳои беназир ва наҷиби ҷавонмардиву ватандӯстии президенти Федератсияи футболи кишвар ва раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад, ки ба ҷавонони саодатманди кишвар дар ин соли муборак насиб гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба сарпарастии “Соли ҷавонон” аз аввали сол байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва президенти Федератсия Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд, ки тибқи он муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарпарастии тамоми чорабиниҳои “Соли ҷавонон”-ро ба зима гирифта буданд.

Ҳамин гуна таваҷҷуҳу иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ буд, танҳо дар соли сипаригардида, ҷиҳати ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушди солимии ҷомеа дар шаҳри Душанбе 75 майдончаи варзишии мувофиқ ба талаботи замон сохта ба истифода дода шуд.

Тавре Президенти кишвар изҳор дошта буданд, “Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пеш¬рафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”. Сарвари кишвар афзуда буданд, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди мил¬лии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузо¬ранд. Дар баробари ин, ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон зарур ме¬бошанд. Президенти мамлакат дар ҷараёни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарза¬мини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму тех¬ника ва бунёдкорӣ равона созанд”.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши наз¬ди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон аст, дар доираи эълон гардидани “Соли ҷавонон”, ки имко¬нияти фаррох баҳри таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи методию иттилоотӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ, дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб, тарғиби ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстию меҳанпарастии ҷавонон тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, варзишиву солимгардонӣ, муносибатҳои байнисоҳавию байналмилалӣ дар доираи қонуну санадҳои танзимкунанда фаъолияти худро ба роҳ монд.

Ҳамин тариқ дар соли 2017 бо сарпарастии президенти Федератсия футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ, ташкилотҳои систе¬ма дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон 17036 чорабинӣ бо фарогирии 4064549 нафар наврасону ҷавонон баргузор намуд, ки ин барои ҷомеаи кишвар ва насли наврас хотирмон хоҳад монд

Имрӯзҳо имконияти таъмини иштироки ҷавонон дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, маънавию маърифатӣ фаррох гардида, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин самти афзалиятнок дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 ва Нақша-чорабиниҳои алоҳидаю мушта¬раки Кумита бо вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳои муассир андешида, дар доираи он корҳои мухталифи ташвиқотиву таблиғотӣ, иттилоотию маърифатӣ, тарбиявию ахлоқӣ ва меҳнатдӯстию созандагиро роҳандозӣ намуд.

Фароҳам овардани шароити мусоид дар самти фарҳангдӯстӣ ва тарбияи ахлоқии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон мебошад, ки он тавассути баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ ва маърифатӣ татбиқ мегардад. Бо эълон гардидани “Соли ҷавонон” фаъолнокии ҷомеа, махсусан насли ҷавони кишвар дар тамоми самтҳо, аз ҷумла самти фарҳангдӯстӣ низ афзун гардида, бо иштирок дар чорабиниҳои миҳими сиёсӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва тар¬биявию ахлоқӣ саҳми арзишманд гузош-танд. Анъанаҳои миллӣ ва расму ойин яке аз нишондиҳандаҳои муҳим ва муқаддас барои ҳар як миллату давлат ба ҳисоб меравад. Ку¬митаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади таҳкими рукнҳои дӯстию рафоқат ва рушди фарҳангии ҷавонон, ҳамзамон, густариш бахшидан ба анъанаҳои меҳмоннавозии миллати тоҷик ва ошноӣ пайдо намудан аз расму анъанаҳои миллии минтақаҳои кишвар дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ давоми соли 2017 меҳмонии ҷавононро ба шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Файзобод, Истаравшан, Муъ¬минобод, Ҳисор, Дарвоз, Варзоб, Ховалинг, Балҷувон, Кӯлоб, Роғун, Ёвон ва Панҷакент, бо фарогирии 600 нафар ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни кишвар доир намуд, ки дар доираи меҳмонӣ як қатор чорабиниҳои гуногуни маъ-рифатию фарҳангӣ, озмуну виктаринаҳо, шоми ҷавонӣ, аксияву ҳамоишҳои сатҳи ба¬ланд, боздид аз ҷойҳои таърихию сайёҳии кишвар ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардида, дар замири ҳар як ҷавон нақши муассир гузошт, ки ин ҳама бо сарпарастии раиси шаҳри Душанбе ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузаронида шуданд. Ин нақша чорабиниҳои мазкур аз “Соли ҷавонон” шуруъ гардида, дар соли 2018 низ идома ёфта истодааст.

Танҳо дар “Соли ҷавонон” дар шаҳри Душанбе 838 чорабинӣ (дар ҳамин давраи соли 2016 649 чорабинӣ – 189 чорабинӣ зиёд), бо фарогирии 276 ҳазору 651 нафар (дар ҳамин давраи соли 2016 фарогирӣ 174 ҳазору 98 нафар – зиёд шудани фарогирӣ 102 ҳазору 553 нафар), рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 486 чорабинӣ (дар ҳамин дав¬раи соли 2016 340 чорабинӣ – 146 чорабинӣ зиёд), бо фарогирии 385 ҳазору 852 нафар (дар ҳамин давраи соли 2016 фарогирӣ 236 ҳазору 862 нафар – зиёд шудани фарогирӣ 148 ҳазору 990 нафар), дар маҷмуъ, 1324 (дар ҳамин давраи соли 2016 989 чорабинӣ – 335 чорабинӣ зиёд) чорабинӣ, бо фарогирии 662 ҳазору 503 нафар (дар ҳамин давраи соли 2016 бо фарогирии 410 ҳазору 960 нафар – зиёд шудани фарогирӣ 251 ҳазору 543 нафар) гузаронида шуданд. Ба ҳамин шумор дар дигар манотиқи кишвар низ ҷамъомаду чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргу¬зор гардиданд.

Ин ҳама ташббусҳо бошад, аз ҷониби як нафар ҷавони ба ору номуси кишвар – Раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки тӯли сол сарпарасти кулли чорабиниҳои “Соли ҷавонон”-ро бар уҳда дошт, роҳандозӣ шуд. Ҷои баҳс нест, ки чунин талошро танҳо метавонад нафаре анҷом диҳад, ки дар замираш меҳри Ватан ҷӯш мезанад ва ба таври ҳамешагӣ хостори дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия ва ба камол расидани насли наврасу ҷавони Ватан аст. Бар ҳақ, сарпарастӣ намудани зиёда аз 17 ҳазор чорабинии фарҳангиву маърифатӣ, ки куллан барои тарбияи насли ҷавон нигаронида шуда буд, амалест боиси таҳсину офарин.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайёмашон ба Маҷлиси Олӣ дар самти ҷавонон истодагарӣ намуда, таъкид намуданд, ки Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд. Ин суханони Пешвои муаззами миллатро роҳбари ҷавону кордон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сармашқи кори худ намуда, сарпарастии тамоми чорабиниҳои самти ҷавонони кишварро бар уҳда гирифтанд.

Дар соли 2018 низ сарпарастии раиси шаҳри Душанбе ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тамоми чорабиниҳои вобаста ба самти ҷавонон бараъло намоён буда, махсусан баргузории чорабиниву ҳамоишҳои гуногуни моҳвораи ҷавононро, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардидааст, сарпарастӣ карда истодаанд.

Хурсандиовараш ин аст, ки соли 2018 дар шаҳри Душанбе инчунин боз беш аз 92 майдончаҳои варзишию фароғатӣ сохта ва ба истифода дода хоҳад шуд, ки ин ҳама бо ташаббусу сарпарастии раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ мешаванд.

Имрӯзҳо тамоми ҷавонони ҷумҳурӣ боли¬да аз онанд, ки дар чунин давлати ободу зебо ҳаёт ба сар мебаранду пайваста мавриди ғамхорӣ ва иноят қарор мегиранд. Яқин аст, ки то ҳастанд, паи ободии Ватан мекӯшанду дастгириҳои ҷавонмардонаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалиро фаромуш нахоҳанд кард.

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”


25.05.2018 Нет комментариев