73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Бӯи “баҳори хунин” ҳанӯз дар машомам ҳаст

Аз вуқуи фоҷиаи баҳманмоҳи соли 1990 бисту ҳашт сол гузашт. Дар атрофи он ҳодисаҳои мудҳиш бисёр навиштанду гуфтанд. Вале ҳанӯз ҳам касе натавонистааст ба саволҳои аслӣ посух гӯяд: Ин рӯзро ба сари миллати тоҷик кӣ таҳмил дод? Чаро одамони бегуноҳ қурбон шуданд? Чаро омилони аслии ин фоҷиаи миллаткуш то ҳанӯз дар паси пардаанд? Ва ғайраву ҳоказо…

Матолибе, ки дар тӯли солҳои сипаришуда нашр шудаанд, то ҷое манзараи умумии фоҷиаи рухдодаи давраи ҷанг ва дидгоҳҳои мухталифи аҳли ҷомеаро нисбат ба ин ҳодиса ифода мекунанд. Аммо то ба ҳол бисёр паҳлӯҳои ин манзараи манфури таърихи навини тоҷик норӯшан боқӣ мондаанд. Бахусус, қотилони рӯзноманигорон, олимон ва донишманди солҳои 1992-1993 қурбоншуда, ки бо кадом ҷурму гуноҳ ба марг маҳкум шуданашон то ҳол маълум нест, паси парда мондаанд. Ҳоло вақти он расида, ки бо такя ба далоили таърихӣ ва ақлу мантиқ симоҳои миллаткушро ба аҳли ҷомеа ошно созем.

Дар гармогармии фоҷеаи баҳманмоҳ Президиуми Шӯрои Олии онвақтаи Тоҷикистон комиссияеро оид ба тафтиши воқеаҳои 12-14 феврали соли 1990 таъсис дод, ки муовинии раиси ин коммиссияро намояндаи мардумӣ, муовини Додситони онвақтаи нақлиёти Осиёи Миёна Сафаралӣ Кенҷаев ба уҳда дошт. Дар арафаи солрӯзи ин фоҷиа гузориши комиссия оид ба тафтиши воқеаҳо нашр гардид. Ҳарчанд дар ибтидо дар гузориши комиссияи зикршуда ба марги одамони бегуноҳ “… ҳарбиён ва кормандони милиса” айбдор дониста шуда буданд, вале баъди чанд муддат ҳамон С. Кенҷаев хулосаи худ ва комиссияро дигар карда, “нерӯҳои навпайдои динӣ – сиёсии ҷомеа”-ро масъули баҳманмоҳи хунин донистааст: “Баъзеҳо мегӯянд, ки ба миён омадани гурӯҳҳои динии оппозитсионӣ падидаҳои нав буду як намуди демократия, аммо ба фикри мо, ягон намуди зуҳуроти демократӣ наметавонад ба хунрезӣ сабаб шавад. Ва он чӣ агар оқибат ба хунрезӣ ва ҷангу ҷидол барад, ягон хел падидаи демократӣ буда наметавонад. Ба ақидаи ман, ин воқеаҳо шахсони тарроҳу ташкилкунанда ва шахсони иҷрокунандаи худро доштанд”. Чунонки мебинем бо гузашти вақт ва бо тағйир ёфтани мавқеи сиёсиаш С. Кенҷаев на фақат хулосаи комиссияи тафтишотиро, ки худаш муовини он буд, инкор мекунад, балки тадриҷан онҳоеро гунаҳкор медонад, ки бо қувваи беруна ва аз рӯи нақшаву тарҳи пешакӣ ин қадар бадбахтиро ба сари давлат ва халқи тоҷик оварданд.

Ба қавли ин сиёсатмарди авохири қарни ХХ, ҳар воқеаву ҳодисаи сиёсӣ, ки қатлу куштор, хуни ноҳақ рехтан ва барафрӯхтани оташи ҷангро дар пай дорад, ҳатман аз ҷониби нерӯҳои хориҷӣ – ташкилкунандагони нооромӣ аз рӯи тарҳи пешакӣ созмон дода мешавад ва тамоми нақшаву супоришҳои беруна дар дохил бо дасти иҷрокунандагон амалӣ мешавад.

Вале афсӯс, ки бо ҳамин андешаҳои воқеъгаро ва ҳамин фошгӯиҳо ӯ бо тири дасти нобакоре аз гурӯҳи мухолифини сиёсӣ дар назди манзили истиқоматияш ҳамроҳ бо ронандааш кушта мешавад.

Ҳақиқат ин аст, ки дар тӯли таърих тоҷик “дар сарояш аз бахти нагун бо габру мусулмон ҳамсаро буд”. Ҳеч халқе мисли тоҷик ба қотилонаш, ки аз сари фарзандони ӯ калламанораҳо сохтаанд, дилу дидаашро накушодааст, ҳеҷ миллате мисли тоҷик дар канораш душманони хоназод напарвардааст.

Аммо тоҷик дар оғӯши худ чанд тан аз нокасеро, хоинеро, модарбахатоеро, нагунбахтеро, ки дертар бо номи ҲНИТ зуҳур кард, парварид, ки дар мушкилтарин вазъият ба ҷои он ки барои беҳрӯзии мардумашон ва ободии кишварашон бикӯшанд, даст ба қатли миллати хеш зада ва ватанашонро ба коми оташи ҷанг гирифтор карданд. Омили асосии ҳодисаҳои хунини моҳи феврали соли 1990, қотили асосии рӯзноманигорон ва олимону донишмандони бегуноҳ, ки солҳои 1992-93 аз дасти ноҷавонмардони миллаткуш ба қатл расиданд, бешак ТЭТ ҲНИТ аст.

Агар ба сарнавишт ва таърихи зиндагии тамоми қурбониёни он солҳо назар афканем, аз рӯи шаҳодати дил ва ақлу мантиқ маълум кардан мумкин аст, ки гурӯҳҳои динӣ – сиёсии замон бо мақсади нобуд сохтани нерӯи сухан ва ба даст гирифтани идеологияи мардум куштори тамоми бедорфикрони ин давр, бахусус рӯзноманигоронро, ба нақша гирифта, манзараи қатлу кушторро як навъе ба назари мардум вонамуд кунонидаанд, ки то ҳол ҷомеа ба кори дасти мухолифин будани он шубҳа доранд. Аммо дигар вақти он расида, ки тамоми шубҳаҳо аз дил бурун оварда шавад ва дар саргаҳи қотилони маъруфтарин чеҳраҳои илму журналистикаи тоҷик, мисли академик Муҳаммадҷон Осимӣ, профессорон Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, аксбардони номвари тоҷик Муҳиддини Олимпур, рӯзноманигорони мубориз Муродуллоҳ Шерализода, Отахон Латифӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Олими Заробек, Искандари Хатлонӣ, Мухтор Буғдизода, Давлаталии Раҳмон, Абдухолиқи Содиқ, Аҳрори Шариф, Зикруллоҳи Валӣ, Махсум Олимӣ, Искандари Карим, Ширинҷони Амирҷон, Мақсудшо Имматшоев, Олимҷони Абдул, Аюбҷони Неъмат, Ҷумахон Ҳотамӣ, Саидшо Саидов, Шарифамоҳи Кишвардухт, Абдулқаҳҳори Нозим, Эътибори Элмурод, Сайвалии Насиб, Хушвахтшоҳи Муборакшо ва даҳҳо дигарон чеҳраи манфури ТЭТ ҲНИТ дида шавад.

Ин баҳор, ки аз рӯзи таваллуди рӯзноманигори зиндаёди тоҷик Хушвахтшоҳи Муборакшо 61 сол пур мешавад, оинаи хотироти азизону наздикони ин марди қурбонии роҳи суханро бо тамоми покиву зебогиҳояш тира мегардонад, зеро ёди марги ӯ ваҳшонияти мудҳишеро пеши чашми азизонаш ба хотир меорад.

Рӯзноманигор Хушвахтшоҳи Муборакшо 4 апрели соли 1957 чашм ба олами ҳастӣ кушода, факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст ва муддате чанд дар Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикисон кор кардааст. Аз моҳи январи соли 1991 дар рӯзномаи “Садои мардум” фаъолият мебурд ва бо тахаллуси Анбаркӯҳӣ мақолаҳои ҷолиб менавишт.

Рӯзноманигори воқеъбину ҳақиқатнигор Хушвахтшоҳи Муборакшо 28 октябри соли 1992 (аз рӯи баъзе маълумотҳо 11 декабри ҳамин сол) бо ҷурми “бадахшонӣ” будан аз тарафи “гурӯҳи номаълум”, ки имрӯз бо итминон аз ин гурӯҳ ТЭТ ҲНИТ метавон ном бурд, аз троллейбус бо зӯрӣ берун оварда, паронданд.

Бо ба ёд овардани рӯҳи ин рӯзноманигори бегуноҳ кушташуда дар айёми баҳорӣ оромиши рӯҳи тамоми қурбониёни солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро орзу дорам.

Саидалӣ НАЗАРОВ

 

 


04.04.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.