734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Иҷлосия – оғози давлатдории навини миллӣ

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид.

Эмомалӣ РАҲМОН

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 25 сол муқаддам дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ баргузор гардида буд, рӯйдоди бузурги таърихие мебошад, ки дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ва таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол марҳилаи сифатан навро бунёд гузошта, хатари ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз байн рафтани тоҷикони куҳанбунёдро пешгирӣ кард. Ба ёд овардани ин санаи муҳими таърихӣ, ки воқеан оғози аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфтан ва тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуд.

Иҷлосия дар роҳи қатъ ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва бақои миллати тоҷик дигаргунии куллӣ ворид кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи сарнавиштсози миллат чунин таъкид менамоянд: “Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гавҳворабудаи Истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд”.

Воқеан, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар он рӯзҳое баргузор гардид, ки дар Тоҷикистон беҳокимиятӣ ҳукмфармоии комил дошт. Фалаҷ шудани ҳокимият ва набудани маркази ягонаи идоракунӣ дар мамлакат, авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ, афзоиши ҷинояткорӣ, буҳрони амиқи сохторӣ, мавҷуд набудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ метавонист ба пора шудани давлат, ҷудоии мамлакат ва парешонии миллат оварда расонад. Аз ин рӯ, аҳамияти Иҷлосия, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки вай дар замони фоҷиабори таърихи Ватан – дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва фалаҷ гардидани рукнҳои давлатдории кишвар сарнавишти миллати тоҷик, давлатдории тоҷикон ва халқи Тоҷикистонро ба даст гирифта, барои аз буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ берун овардани мамлакат, наҷот додани он аз фалокати миллӣ ва таҳкими пояҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа асос гузошт.

Иҷлосияи ХVI тамоми масъулиятро дар назди халқу Ватан ба дӯш гирифта, дар маҷлисҳои худ масъалаҳоеро ҳаллу фасл кард, ки онҳо тақдири ояндаи таърихии миллат, давлатдорӣ ва ватандориро муайян намуданд. Аз ҷумла:

– роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат интихоб намуд. Роҳбарияти нави мамлакат дар кӯтоҳтарин муддат барномаи илман асосноки тараққиёти ҷомеаи Тоҷикистонро пешниҳод карда, роҳи амалӣ сохтани онро муайян намуд ва заминаҳои рафъи буҳрони амиқи ҷомеаро муҳайё кард;

– сохтори конститутсионӣ, ҳокимияти иҷроия ва судиро дар кишвар барқарор кард. Ба ин васила фалаҷии рукнҳои давлатдорӣ бартараф карда шуда, барои рушди парламентаризми ҳақиқии демократӣ замина гузошта шуд;

– Иҷлосия ҳамзамон хатари пош хӯрдани Тоҷикистон ва пароканда шудани миллати куҳанбунёди тоҷик ва халқи Тоҷикистонро пешгирӣ кард. Дар ин маврид қарорҳои Иҷлосияи ХVI дар хусуси таъмини ризоияти миллӣ, ба Ватан баргардондани гурезагон ва муҳоҷирон, авфи иштирокчиёни даргириҳои мусаллаҳона аҳамияти хосса доштанд. Ин қарорҳои Иҷлосия барои ба мувофиқа овардани қувваҳои мухолифи ҷомеа – ҳизбҳои сиёсии гуногунақида ва дорои стратегия ва тактикаи сиёсии хос, ҳаракатҳои мардумӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ташкилотҳои динию мазҳабӣ шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам оварданд. Ба ин васила, барои пойдории сулҳи миллӣ, ваҳдати миллати тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистон заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд оварда шуд. Дар натиҷа сулҳи миллӣ ва қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба дастовардҳои зерин ноил гардид: самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро дар соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва фарҳанг муайян карда, ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ шароит фароҳам овард. Бояд гуфт, ки ба ин васила Иҷлосия як вазифаи дигари бузурги таърихиро низ анҷом дод: роҳи ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ пайвастани Тоҷикистонро нишон дод. Зеро, бе пайвастан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон аз шоҳроҳи таърих дур шуда, дар пайраҳаи танги таърих қарор мегирифт.

Аҳамияти бузурги Иҷлосия дар он аст, ки барои интихоби роҳбари сазовор замина муҳайё намуда, пеши роҳи хатари нобудии халқу миллатро гирифт, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохт, баробари барқарор намудани сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ба ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат оғоз бахшида, барои қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ муҳайё намуд, барои бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд замина муҳайё сохт, ба ваҳдати миллӣ замина гузошта, дар мамлакат ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид, ба беҳбуди аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум замина гузошт ва симои сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Имрӯз, ки мо дар арафаи ҷашни бузурги 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози миллат қарор дорем, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси миллат бояд ифтихор аз соҳибистиқлоливу сулҳу ваҳдат ва комёбиҳои бузурге намояд, ки ба шарофати ин воқеаи сиёсии фараҳбахш ба даст омад. Бинобар ин, мо – ҷавонон бо ифтихору шукргузорӣ аз сулҳу салоҳ ва сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаву одилонаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои сазовор ҷашн гирифтани 25-солигии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ бо дилу нияти нек ва бо умеди фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон кӯшиш менамоем.

Ақлиддин БАҲРИДДИНЗОДА, сиёсатшинос


15.11.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.