73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Иҷлосияи ХVI–ум ва рисолати таърихии он

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба гирдоби сиёсии ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз 100 ҳазор нафар (1,5% аҳолӣ) ҷони худро аз даст доданд, 100 ҳазор кас бе ному нишон шуданд, беш аз 25 ҳазор зани тоҷик беваю 60 ҳазор тифл ятим монда, садҳо манзили истиқоматӣ вайрону валангор гаштанд. Теъдоди паноҳандагон дар кишвар ба 850 ҳазор нафар расида буд. Аз ин 600 ҳазор нафарашон дар худи дохили ҷумҳурӣ ҷои зисти хешро тағйир дода, 60 ҳазор нафар ба Афғонистон, 195 ҳазор нафар ба Русия, Украина, Беларусия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар мамлакатҳо муҳоҷир шуда, машаққати муҳоҷират ва дурӣ аз хоки Ватанро кашиданд. Ба иқтисодиёти мамлакат зарбаи калон расид, ки он ба 10 миллиард доллари амрикоӣ (ба ҳисоби қурби онвақта) рост меомад.

Дар чунин лаҳзаҳои сарнавиштсоз бесарусомониҳои зиёди сиёсию низомӣ дар пойтахти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон – шаҳри Душанбе имкон намедод, ки дар пойтахт иҷлосияи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ озодона фаъолият кунад. Санаи 9 ноябри соли 1992 қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи 16 ноябр дар ноҳияи Хуҷанд (феълан шаҳри Хуҷанд) даъват намудани Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ даъвати 12–ум баромад. Иҷлосия дар вақти муайяншуда, дар қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд ҷамъ омад. Он рӯз дар Иҷлосия аз 230 нафар вакилон 193 нафар иштирок доштанд. Ҳамзамон, дар кори Иҷлосия намояндагони ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Русия, намояндагони СММ ширкат доштанд. Мақсади асосии иҷлосия ба маҷрои ҳаёти осоишта баргардондани ҷумҳурӣ буд. Баҳсу мунозираҳо дар ин ҷода ҳарчанд доманадор буданд, вале он ба ҳукумат ва давлати қонунии Тоҷикистон асос гузошта, рисолати бузурги таърихии худро анҷом дод.

Ҳанӯз дар оғози Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он вақт раисии кумиҷроияи вилояти Кӯлоб (феълан шаҳри Кӯлоб)-ро ба ӯҳда доштанд, аз барпо намудани Иҷлосия дар Хуҷанд изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла гуфта буд: “Мо аз комиҷроияи вилояти Ленинобод (феълан вилояти Суғд), меҳнаткашони шаҳри Хуҷанд барои фароҳам овардани шароити хуби гузаронидани Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят миннатдорем. Аз ҷангҳои дохилӣ бисёр ҷойҳо валангор шуданд, барои ободонии харобаҳои ин фоҷиаи даҳшатангез солҳо заруранд. Бинобар ин, мо ҷаҳд дорем, ки дар ҳар хонадон сулҳу салоҳ муқимӣ гардад. Мо маҳз бо ҳамин мақсади наҷиб ба иҷлосия омадем”. Иштироккунандагони Иҷлосия баромади раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шуниданд ва онро бо гармӣ истиқбол намуданд.

Дар ҳамин давраи фалокатбору ҳассос дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваҳои солим ва хиради азалии мардуми тоҷик ғалаба намуд. Аз 197 нафар 186 нафар вакилон якдилона ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд. Дар он лаҳзаҳои хеле вазнин, ки яроқбадастон кишварро фаро гирифта, иқтисодиёт фалаҷу хазина холӣ гардида буд, на ҳар кас ҷуръат мекард, ки роҳбарии кишварро ба уҳда гирад. Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон бо азми комилу хиради фарогир дар муддати начандон тӯлонӣ миллати парешоншударо сарҷамъ намуда, ваҳдати миллиро барқарор намуд.

Аз минбари баланди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки “Ман ба хонадони шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд!” ва илова намуданд, ки “Ман барои амну амонии халқу Ватани азизам ҳозирам ҷони худро қурбон кунам!”. Инро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва боварӣ баён намуд ва дар дили сардгардидаи мардум гармӣ бахшиду тухми умед кошт.

Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо тариқи барномаи “Хоки Ватан”, ки онро радиои Тоҷикистон махсус барои гурезагони дар хоки Афғонистон қарордошта таъсис дода буд, баромад намуда, ба ҳамватанони муҳоҷиргашта бо чунин суханҳо муроҷиат кард: “Ҳамватанони азиз, ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем. Пушту паноҳи шумо Ватан аст. Шуморо хонаву даратон, фарзандонатон, хешу таборатон интизоранд… Ба Ватан баргардед, ҳамватанони гиромӣ!”. Баъди ин суханҳо дар дили ҳар як муҳоҷир ҳисси баланди эътимоднокӣ нисбат ба Сардори давлат ва ҳукумати навтаъсис бедор шуд ва азми ба Ватан баргаштан карданд.

Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ба сулҳу Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ибтидо гузошт. Аз 5–19 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар гуфтушуниди байни тоҷикон барои созишномаи Ваҳдати миллӣ мақсаду мароми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарчи зудтар ба ҷанги бародаркуш хотима гузоштан, санади сулҳро ба имзо расондан ва баргардондани гурезаҳо ба Ватан ба ҳисоб мерафт. Ниҳоят, 27–уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав дар вазъияти тантанавӣ ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд.

Ин ҳама пешрафту муваффақиятҳо натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва хислати ватандӯстии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд. Ин абармарди миллат тавонист миллати парешоншударо сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро ба давлати тараққикарда табдил диҳад. Барои ҳамаи ин хизматҳои бузургаш ба Эмомалӣ Раҳмон 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.

Хизматҳои Сарвари кишвари мо на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам қадршиносӣ шудаанд. Барои саҳми барҷаста дар рушди ҷомеаи умумиҷаҳонӣ Президенти Тоҷикистон ба гирифтани “Ситораи тиллоии Албер Швейтсер” ва унвони фахрии профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон аввалин сиёсатмадорест, ки дар ҷаҳон ин мукофотро соҳиб шудааст. Соли 2005 дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори ҷоизаи олии медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо”–и Федератсияи байналмилалии сулҳ гардид. Ӯ аввалин касест, ки дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин ҷоизаро соҳиб шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда бо ордени алмосдори “Звезда мецената” (Ситораи сарпараст), ордени “Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд”, Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени Шӯрои олимони Осиё, медали тиллоии ба номи Николай Блохини Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия, ордени “Ситораи дараҷаи 1” бо занҷираи тиллоии Ҷумҳурии Латвия, медали тиллоии “Арҷгузории Ҷалолиддини Балхӣ”-и ЮНЕСКО ва дигар ҷоизаву медалҳо мукофотонида шудааст. Бо дархосту пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ 8 ноябри соли 2016 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” қабул гардид ва ба ин мартабаи воло муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор дониста шуд.

Имрӯз ҳар яки моро мебояд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузории сулҳу ваҳдати миллӣ тарбият намоем.

Масиддиқ ТУҒАЕВ, Саидҷон ЗУБАЙДУЛЛОЕВ, омӯзгорони ДДФСТ ба номи М. Турсунзода


15.11.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.