73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Фароғату истироҳати мардум рангин мегардад

         Бо мақсади ҷонибдорӣ ва пайравӣ аз ибтикори созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин таблиғи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои тоҷик, эҳтирому арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ ва такмили корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ, Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчун ҳамоҳангсози баргузории он ба ҳисоб меравад, шурӯъ аз санаи 7 апрел то 4 ноябри соли 2018 ҳар ҳафта рўзҳои шанбе ва якшанбе дар мавзеъњои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе – боғҳои «Ирам», «Рӯдакӣ», «Парчами давлатӣ», муассисаи давлатии «Боғи Садриддин Айнӣ», «Дӯстӣ» ва Майдони 800 солагии Москва, ҳамзамон дар боғҳои фарҳангиву фароғатии тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегарданд.

       Чорабинињои мазкур бо фарогирии намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои ширу шакар, шаби эҷодӣ, муаррифии эҷодиёти адибони ҷавон, намоиши асарҳои рассомон, барномаҳои ҳаҷвнигорӣ, пешниҳоди асарҳои композиторон ва номерҳои консертӣ ройгон ба роҳ монда мешаванд.

            Нақшаи баргузории барномаҳои фарҳангӣ замима мегардад.


02.03.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.