73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ МАҚОЛАИ БЕҲТАРИН дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар»

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи банди 24 и Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли ҷавонон”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, №АП 833 тасдиқ гардидааст, озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтаринро дар мавзӯи  «Нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар» тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ эълон менамояд.

Шартҳои пешниҳоди мақолаҳо барои озмун:

  • инъикоси нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсии кишвар;
  • инъикоси нақши ҷавонон дар ҳаёти иқтисодии кишвар;
  • инъикоси нақши ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоии кишвар;
  • инъикоси нақши ҷавонон дар ҳаёти фарҳангии кишвар;
  • нишон додани дастовардҳои ҷавонони кишвар дар соҳаҳои мухталиф;
  • инъикоси чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки ҷавонон ва саҳми ҷавонон дар он;
  • инъикоси нақши ҷавонон дар нигаҳдошти марзу буми Ватан;
  • инъикоси гиромидошти муқаддасоти давлатӣ аз ҷониби ҷавонон;
  • инъикоси гиромидошти расму ойин ва анъанаву суннатҳои қадимаи тоҷикон аз ҷониби ҷавонон;
  • саҳми ҷавонон дар пешрафту ободии Ватан ва ғ;

Ғолибонро туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумита интизор аст.

НИШОНӢ БАРОИ МАЪЛУМОТИ ИЛОВАГӢ:

Суроға: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная 6.

Тамос: (837) 236–37–26, 235-19-53 .

Саҳ.интернетӣ: www.youth.tj

(дар шабакаи иҷтимоии фейсбук саҳифаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 

 


13.10.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.