САҲМИ АРЗАНДАИ ҶАВОНОН ДАР ОБОДОНӢ ВА САРСАБЗИИ САРЗАМИНИ БИҲИШТОСО
16 феврали соли 2019 бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷамоатҳои Ёва ва Исмоили Сомонии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бахшида ба “1300 рӯзи меҳнати зарбдор”, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд эълон шудааст, бо ҷалби 300 нафар ҷавонони фаъол корҳои ободониву бунёдкорӣ ташкил ва баргузор гардид.
Ғолибияти Муҳаммадризо Қувватов дар Ҷоми Аврупо
Дзюдочиёни ҷавони тоҷик дар Ҷоми кушоди Аврупо, ки 16-17 феврал дар шаҳри Санкт-Петербурги Руссия баргузор шуд, сазовори 1 медали биринҷӣ гардиданд. Дар мусобиқаи мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 12 нафар – Сиёвуш Солиҳов, Давлаталӣ Назаралиев, Муҳаммадризо Қувватов (ҳар се дар вазни -60кг), Манучеҳр Раҷабов, Одина Муҳаббатов, Ҷамолиддин Абдуллоев (ҳар се дар вазни -66кг), Иброҳим Саидакбаров, Қурбоналӣ Бозоров (ҳар ду дар вазни -73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Фаридун Холиқзода, Хушвақт Идиев (ҳар се дар вазни -81кг), Эмомризо Анварзода (-100кг) – иштирок намуданд. Медали биринҷиро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Муҳаммадризо Қувватов дар вазни -60кг сазовор гардид. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81кг ҷои панҷумро ишғол кард. Дар Ҷоми кушоди Аврупо миёни ҷавонон дар Санкт-Петербурги […]
Гулистон: Марҳилаи аввали мусобиқа оид ба гуштини юнонӣ-румӣ
Санаи 16 феврали соли 2019 дар толори варзишии шаҳри Гулистон марҳилаи якуми чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуштини юнонӣ-румӣ дар шаҳри Гулистон байни наврасону ҷавонон, бахшида ба 26-солагии Рузи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасону ҷавонон машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи гуштини юнони-румӣ байни наврасону ҷавонон дар шаҳри Гулистон, мустаҳкам намудани алоқаи дустӣ байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби шаҳри Гулистон оид ба намуди гӯштини юнонӣ-румӣ байни наврасону ҷавонон доир гардид. Дар фарҷом ғолибони мусобиқаро бо диплом ва медал қадрдонӣ карда шуданд.
Мусобиқаи велосипедронии “Критериум – 2019” дар вилояти Суғд баргузор гардид
17 феврали соли 2019 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ доир гардид. Варзишгарон аз шаҳри Хуҷанд то назди гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон сабқат намуданд. Тавре хабарнигори рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Шодмон Нурматов иттилоъ медиҳад, нахуст, дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов ва раиси Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев оид ба ҳадаф ва мақсади баргузории озмун ибрози назар намуданд. Зикр карда шуд, ки дар заминаи дастуру […]
Корт: Хуш омадед, бобоҷон!
Чанд соли охир мӯйсафед умуман ба нақлиёти ҷамъиятӣ савор намешуд. Аз мусофиркашҳои куҳнаву ифлос, тела-телаву садоҳои дағалу гӯшхарош ва муомилаи дағали пулчинакҳо асабӣ шуда, фишораш боло мерафт. Ҳатто боре қариб аз по афтода буд. Аз ин рӯ писари хурдӣ Кенҷабой бо мошини сабукрав ӯро ба ҳар куҷое мехост мебурду меовард. Бори зиндагӣ рӯз аз рӯз вазнин гашту Кенҷабой маҷбур шуд мошинро фурӯхта ба Русия равад. Мӯйсафед ба қавли худаш «бе пои равон» монд. Болои сӯхта намакоб, роҳи калонеро, ки аз назди маҳаллаашон мегузашт бастанд. Ва рӯзе мӯйсафед сар ба болин гузошту дигар нахест. Рӯ ба шифти хона «Уфф-ф-ф» мегуфту «Э вой ҷонаме-е… Худоҷон!» На духтурро қабул дошт, на табибро. Бо […]
Тоҷикистон аз рӯи афзоиши ММД дар байни кишварҳои ИДМ пешсаф аст
Афзоиши аз ҳама зиёди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд – ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ 7,3% -ро ташкил медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ хабар медиҳад. Аз рӯи афзоиши ММД Туркманистон бо 6,2% дар ҷойи дуюм ва Арманистон бо 6% дар ҷойи сеюм қарор доранд. Тибқи маълумоти ин кумита, афзоиши тахминии ММД дар қаламрави ИДМ 2,2%-ро ташкил медиҳад. Миёни кишварҳои дорои афзоиши камтари ММД Украина-2,8%, Россия-2,3% ва Озарбойҷон-1,4% номбар шудаанд. Илова бар ин, Тоҷикистон аз рӯи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба сегонаи пешсафи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. Тибқи ин нишондиҳанда Ӯзбекистон бо 14,4% […]
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронӣ идома дорад
Дар ҶДММ “Сафед – дара” қисмати дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронӣ аз рӯи слаломи калон ба масофаи 800 миёни 76 нафар варзишгар бомаром идома дорад. Тавре Садолати Ибодулло мурабии дастаи занона аз марказӣ баргузории мусобиқа иттилоъ доданд, мусобиқа дар як сатҳи баланду зарурӣ доир гардида истодааст, ки ҳайати иштирокчиён 76 нафарро ташкил медиҳанд. Дар мусобиқа 8 нафар бонувон барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат намуда истодаанд. Садолати Ибодулло зикр доштанд, ки мусобиқа пас аз як соат ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва […]
Роҳ ба сӯи Токио – 2020
Дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки 15 феврал баргузор шуд, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо Шодӣ, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров низ иштирок карданд. Дар оғози ҷаласа муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо хабар дод, ки нақшаи сеҷониба миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва федератсияҳои варзишии намудҳои дзюдо, қайиқронӣ ва гуштини озоду юнонӣ-римӣ омода шуда, барои тасдиқ ба роҳбарият пешниҳод шуд. Дар асоси нақша сарчашмаи маблағгузории ҳайати дастаҳо ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ […]